Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад

Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,

Ё чи тавр Кимбумбуни Салими сарсон ба Танзания баргашт

Барномаи «Жди меня»-и шабакаи НТВ Россия чанд моҳ пеш лавҳаи ҷолиберо намоиш дод, ки оид ба саргардонии як шаҳрванди кишвари Танзания дар Тоҷикистон ва хайрхоҳии сокинони ҷумҳурии мо дар масъалаи ба зодбум баргаштани ҳунарпешаи сирк Кимбумбуни Салим ҳикоят мекард. Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр»-и шаҳри Хуҷанд Баҳринисо Абдураҳмонова дар ин мавзуъ суҳбате дошт бо ин бонуи хайрхоҳ.

Бигӯед, ки аз қазияи Салими африқоӣ чӣ тавр огоҳ шудед?

— Нуҳ моҳ пеш аз ин бо ӯ дар шаҳри Хуҷанд шинос шудам. Солҳои зиёдест, ки ба мардуми бехонаю овора мадад мерасонам. Яке аз онҳо хоҳиш кард, ки ба рафиқи африқоияш, ки аз бечорагӣ даст ба худкушӣ заданӣ аст, ёрӣ диҳам. Гуфт, ки Салим чор рӯз боз аз бистар намехезад ва чизе намехӯраду наменӯшад. Ҳамаи корҳоро як сӯ гузошта, ба аёдати Салим шитофтам. Аҳволаш хеле бад буд. Хеле лоғар менамуд ва бо чашмони калони сиёҳаш имдодталабона ба ман менигарист. Дар фироқи ёрудиёр ашки талх мерехт. Сипас, аз тақдири нобасомони худ қисса кард. Маълум шуд, ки ӯ — Кимбумбуни Салим Абдуллоҳ буда, 11 августи соли 1991 дар шаҳри Доруссаломи Танзания, дар Африқо таваллуд шудааст. Дар хурдсолӣ аз падару модар маҳрум мон- дааст. Аз наврасӣ ба сирк дил баста, ба кишварҳои гуногун сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар Лаҳистон бо роҳбарии пан Юрик ба «Сирки калон» роҳ меёбад. Ҳамроҳи даста дар саҳнаҳои Англия, Литва, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳунар намоиш медиҳад. Соли 2010 ҳатто дар мавсими панҷуми гала-консерти байналмилалии «Лаҳзаи шуҳрар> иштирок доштааст.

— Кай ва чӣ хел ба Тоҷикистон омадааст?

— Соли 2012 сирки онҳо ба Душанбе меояд ва ҷузвдони Салимро бо пулу ҳуҷҷатҳояш медузданд. Ҷустуҷӯйҳо натиҷа намедиҳанд. Сирк аз Душанбе мераваду Салимро бе пул ва ҳуҷҷат танҳо ме- гузоранд. Муошират ҳам бо мардуми шаҳр мушкил буд, зеро ӯ фақат забони англисиро медонисту халос. Танҳо барои қути лоямут мардикорӣ мекард ва умедашро аз ояндаи хуб ва расидан ба ёрудиёр канда буд. Соли 2017 ба меҳмонӣ ба Хуҷанд омада, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ афтод. Баъди тафтишот ӯро дар истиқоматгоҳи бехонаҳо ҷой намудаанд.

— Корро аз чӣ сар кардед?

— Лавҳаи телевизионие омода сохтам, ки дар барномаи «Жди меня» 24 сентябри соли 2021 на- моиш дода шуд. Ин намоиш вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Аз Кипр, Россия, Исроил ва кишварҳои дигар. Аз ҳама бештар қисмати Салим донишҷӯёни танзаниягиро, ки дар Донишгоҳи давлатии Москва ва дар Кипр таҳсил мекарданд, ба ташвиш оварда буд. Онҳо ба сафоратхонаҳои Танзания дар Россия ва Кипр муроҷиат карданд. Занги аз ҳама муҳим аз Душанбе, аз Зикрулло ном шахс расид, ки бо ҳайати он сирке, ки Салим дар он нақшҳо мебозид, шинос будааст ва шумораи дӯстони дар Танзания будаи Салимро маълум кард. Ғайр аз ин ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафорати Танзания дар Россия хабар расондам. Барои тасдиқи шаҳрвандии Салим ба сафорат нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ва рақами шиносномаи Салим даркор буд.

— Баъд чӣ шуд?

— Ман назди худ се мақсад гузошта будам: пайдо кардани хешовандони Салим дарТанзания.тасдиқи шаҳрвандии ӯ ва ниҳоят ба ватан баргардонданаш. Кори ҷиддӣ ва заҳматталаб сар шуд. Дар навбати аввал бо Карим, ҳамкасби Салим, ки дар Туркия будааст, робита пайдо кардам. Ба воситаи ӯ ба амак ва аммаи Салим гуфтушунид намуда, нусхаи зоднома ва рақами шиносномаи Салимро ба дастовардам.

— Яъне, қариб ба мақсад расидед?

— Ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода шуданд ва онҳоро ба Сафорати Танзания дар Россия фиристодем, аммо вақт мегузашту ҷавобе намеомад. Он замон ба машғулиятҳои олии ҳуқуқи инсон ОФ «Нота Бена» ба Москва даъватӣ будам ва ин воқеаро он ҷо ҳикоят кардам. Яке аз мураббиёни машғулиятҳо Фавзия Назарова дасти ёрӣ пешниҳод намуд. Як шиноси ӯ бо номи Илнура дар Африқо кор мекардааст. Илнура дархости моро ба воситаи мушовири Сафорати Россия дар Танзания Мария Владимировна Плетеева ба мақомоти дахлдори Танзания мерасонад ва иҷрои кор суръат мегирад. Ниҳоят, ҳуҷҷатҳои Салимро тайёр ва ба Москва мефиристанд. Аммо он вақтдар Хуҷанд будам ва ҳуҷҷатро танҳо худам гирифта метавонистам.

— Пас, дубора равонаи Москва шудед?

— Бале, дигар илоҷе набуд, писархондам Салим ончунон сабрутоқатро аз дастдода буд, ки хобу хӯр ба ёдаш намерасид. Ба Москва рафтам ва бо сабаби авҷи пандемия ман 14 рӯз ночор интизори гириф- тани ҳуҷҷат мондам. Ниҳоят, он рӯзи деринтизор фаро расид ва бо як ҷаҳон нишот ба Хуҷанд ба парвоз омадам… Вақте ки ҳуҷҷатҳоро ба Салим додам, аз шодӣ ашк мерехт ва бовараш намеомад, ки имкони бозгаштба ватан пайдо кардааст.

— Дар ин кори хайр инсонҳое ҳам буданд, ки ба Шумо ва Салим дасти ёрӣ дароз карданд?

— Албатта, дунё аз одамони нек холӣ нест. Агар бадкори бадниҳоде бо амали пасти дуздияш аз як меҳмони хориҷӣ ба номи миллатдоғе овард, шукр, садҳо нафари дигар дар равондани ин доғ саҳм гузошт ва Салими ғариби ноумедро ба ватанаш баргардонданд. Дар барномае, ки «Жди меня» аз анҷоми неки ин қисса батамоми ҷаҳон пахш кард, симои ҳақиқии тоҷикони ғамхори меҳмондӯст, манзараҳои нотакрори диёр, ободиҳои назарраси пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷандро ҳам нишон доданд. Масалан, дар намоиши телевизионй аз бародарон Мансур ва Маъруф сухан рафт, ки онҳо Салимро аз бемории майзадагӣ раҳо бахшида, барояш пӯшоку пойафзоли нав харида, дар қаҳвахонаи худ ба кор гирифтанд. Даҳҳо нафари дигар Салимро бародарвор ёрӣ доданд, то худро ғариб ҳис накунад.

 — Акнун дар бораи чӣ тавр гусел кардани Са- лим бигӯед.

— Гусел кардани Салим муҳимтарин ва асоситарин мақсади мо буд.Аз барномаи «Жди меня» барои Салим чиптаи тайёра ба хатсайри Душанбе-Дубай- Доруссалом фиристонданд. Бародарони хайрхоҳ барояш туҳфаҳо хариданд, бо нақлиёт ба Душанбе бурданд. Афсӯс, ки марзбонон дар фурудгоҳи Душанбе каме монеа эҷод карданд, ки бо дахолати мо зуд ҳал шуд. Аммо дар Дубай Салим боз сарсон мешавад. Тайёраи хатсайри Дубай-Доруссалом пеш аз муҳлат парвоз мекунаду Салим бехабар мемонад ва гум мешавад. Бо дахолати барномаи «Жди меня» ва дастгирии корманди фурудгоҳи Дубай Томас ӯро пайдо мекунанд. Барнома боз барои Салим чипта харид ва ниҳоят Салим ба ватанаш, ба дидори хешовандонаш расид. Шодию хурсандии онон ҳадду канор надошт. Бо Салим тавассути шабакаи интернет доим дар тамосам. Ман, ки танҳо як писар дорам, ӯро писари дуюми худ мегӯяму ӯ маро модар мехонад.

Мухтасар дар бораи Баҳринисо ва «Диёр»-и ӯ

Баҳринисо Абдураҳмонова 28 августи соли 1953 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Падараш Абдувалӣ Абдураҳмонов аз водии Фарғона, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, ронандаи беҳтарини Хуҷанд буд. Модараш Холбибӣ Умарова, босаводу китобхон буд.

Баҳринисо баъди хатми мактаби миёнаи №2 ба Комбинати абрешими Хуҷанд, ба кор даромад. Ҳамзамон, ба Техникуми шабонаи назди комбинат шомил гардид ва муҳандисии соҳаи бофандагӣ омӯхт. Дар 25-солагияш мудири шуъба таъин шуд. Умуман, чаҳоряк асри умраш дар ин коргоҳ гу- заштааст. Азбаски забони русиро аъло медонист ва қобилияти хуби мусаҳҳеҳию рӯзноманигорӣ дошт, соли 1990 ӯро ба кор ба Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд даъват карданд, чанд сол ҳафтаномаи «Барномаи телевизион»-ро муҳаррирӣ кард. Курсҳои олии ҳомии ҳуқуқро дар Москва хатм намуд.

Соли 2010 Ташкилоти ҷамъиятии «Диёр»-ро таъсис дод. Дар 12 соли фаъолият ин ташкилот 300 гумшударо пайдо кард, волидону фарзандон, хешу ақрабо, шавҳару ҳамсарро ба дидори ҳам расонд. 17зани русро, ки хешутаборон онҳородарХуҷанду атрофи он танҳо гузошта рафта буданд, ба Россия баргардонд.

Ҳадафи дигари «Диёр» кор бо оворагардҳо, бехонаҳо, шахсони танҳо, куҳансолони бепарастор, бачаҳои гирифтори саратон.дастпарварони хонаҳои бачагон, ашхоси аз ҳабс озодшуда мебошад.

«Диёр» 50 куҳансоли танҳоро ба ғамхорӣ фаро гирифтааст. Ҷашни хонадоршавии ду шахси танҳо: Раяи 96-сола ва Ҳакими 74-соларо ба наздикӣ бо тантана гузаронд. Барои бачаҳои гирифтори са- ратон, ки 500 нафаранд, ҳуҷраи алоҳидаеро бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин кард.

Иқдомҳои хайру савоби Баҳринисо Абдураҳмоноваро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ташкилотҳои хайриявии дохилию хориҷӣ, аз ҷумла барномаи «Жди меня», ки он ҷо Баҳринисо волонтёр аст ва аз ҳама муҳимаш — сарватмандони сахӣ, мардум дастгирӣ мекунанд.

Ҳайати ташкилот аз сардор, муҳбсиб, ҳамоҳангсоз, ду духтур, як ҳамшира ва ронанда иборат аст. Волонтёрҳо асосан аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд, инчунин, онҳое, мебошанд, ки аз хизмати ин ташкилот баҳра бурдаанд.

Ҷӯра ЮСУФЙ,
шаҳри Хуҷанд

Оставьте комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *